Январ 19, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафоти муздурони саудӣ; 220 кушта ва захмӣ

Ҳамлаи мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавзеъҳои муздурони эътилофи саудӣ дар вилояти Мариб, 220 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба нақл аз шабакаи Скай-Ниюз, дар амалиёти мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, то кунун 90 муздури саудӣ кушта ва 130 нафар захмӣ шуданд.

Шабакаи хабарии Алҷазира низ ба нақл аз манобеи маҳаллӣ гузориш дод, дар ин амалиёт, як сарбозхонаи низомии вобаста ба низомиёни давлати истеъфододаи Яман дар шимоли шаҳри Мариб ҳадаф қарор гирифтааст.

Сартип Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман пештар эълом кард: 9 ҳадафи муҳим дар Арабистон ва Иморот барои ҳамла таъин шудааст.

Шурои олии сиёсии Яман сентябри соли гузашта (2019) бо пешниҳоди тарҳи ибтикории сулҳ эълом карда буд, нерӯҳои ин кишвар машрут бар таваққуфи ҳамлаҳои эътилоф, амалиёти паҳподӣ ва мушакиро мутаваққиф мекунанд; аммо ҷангандаҳои Арабистон ҳамчунон ба бомборони минтақаҳои мухталифи Яман идома доданд.

Бино бар эъломи сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, низомиёни эътилофи мутаҷовизи саудӣ аз оғози тавофуқи сулҳи тарафҳои яманӣ дар декабри 2018 то кунун беш аз 30 ҳазор навбат ин тавофуқро поймол кардаанд.