Эъломи ҳимояти Русия аз Лубнон дар шароити кунунии ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i50165
Сафири Русия дар Бейрут дар дидор бо раисиҷумҳури Лубнон бар ҳамбстагии Маскав бо Бейрут дар шароити кунунӣ таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 20, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳимояти Русия аз Лубнон дар шароити кунунии ин кишвар

Сафири Русия дар Бейрут дар дидор бо раисиҷумҳури Лубнон бар ҳамбстагии Маскав бо Бейрут дар шароити кунунӣ таъкид кард.

Ба гузориши Форс,  Александр Засипкин, сафири Русия дар Лубнон бо Мишел Наим Аун, раисиҷумҳури ин кишвар дар Кохи раёсатҷумҳурии Лубнон дидор кард.

Засипкин дар бораи охирин таҳаввулот баҳсу табодули назар кард ва бар ҳамбастагии Русия бо Лубнон ва миллати ин кишвар дар шароити кунунии Лубнон таъкид кард.

Вай пештар аз тамоюли Русия барои ташкили ҳарчӣ сареътари давлати Лубнон хабар дода ва гуфта буд, Маскав талош мекунад Лубнонро аз буҳронҳои хориҷӣ дур нигаҳ дорад.

Тазоҳуроти Лубнон дар эътироз ба вазъияти иқтисодӣ ва вазъи таърифаҳои ҷадид вориди чаҳорумин моҳи худ шудааст. Тазоҳуроте, ки мунҷар ба канорагирии Саъд Ҳарирӣ, нахуствазир шуд.

Ҳисон Диёб аз асотиди донишгоҳ дар бисту ҳаштуми озар маъмур ба ташкили давлат шуд, аммо ба далели бархе мавоне ҳанӯз муваффақ ба анҷоми ин кор нашудааст.