Сафари ҳайати ироқӣ ба се кишвар барои имзои қарордодҳои таслиҳотӣ
Як узви Комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ аз сафари ҳайати ироқӣ ба се кишвар барои имзои қарордодҳои таслиҳотӣ хабар дод.
Ба гузориши Форс, Бадр Ал Зиёдӣ, узви Комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ гуфт, ба зудди гурӯҳҳое ба се кишвари Русия, Чин ва Украина ба манзури тавофуқ бо онҳо дар бораи воридоти сомонаҳои пешрафта ҷиҳати ҳимоят аз ҳарими ҳавоии Ироқ ва такмили дурбинҳои ҳароратии модерн дар марз бо ҳадафи шиносоии ҳар гуна таҳаррукоти террористҳо, сафар мекунанд.
Ал Зиёдӣ гуфт, ки парлумон дар садади ташкили ҳайате муштарак аз ду қувваи муҷрия ва муқаннаа барои сафар ба ин се кишвар ҷиҳати имзои қарордодҳои хариди силоҳҳои пешрафтааст.
Ӯ афзуд, бисёре аз кишварҳо барои таҷҳизи Ироқ ба силоҳҳои модерн дар муқобили нафт, эъломи омодагӣ кардаанд ва ин беҳтарин роҳ барои тазмини воридоти силоҳҳои бо кайфият ба Ироқ аст, бидуни онки фасод ё ришвадиҳӣ ба воситаҳои ду тараф дар миён бошад.
Ин намояндаи парлумони Ироқ ҳамчунин гуфт, мусаллаҳ нашудани нирӯҳои марзии Ироқ ба силоҳҳои пешрафта ба рӯйкарди иштибоҳ дар эътимод ба тавофуқнома бо Амрико бозмигардад, ки маболиғи ҳангуфте низ барои он сарф шуд, аммо такмил ҳам нашуд ва лизо ироқиҳо бояд ба худашон иттико карда ва ба урдугоҳи шарқӣ барои таслиҳи артиши Ироқ рӯй оваранд.