Январ 21, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ нахуствазири нави Ироқ шуд

Манобеи ироқӣ аз муаррифии Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ ба унвони нахуствазири нави ин кишвар хабар медиҳанд.

Ба гузориши ИРНО, манобеи ироқӣ эълом карданд: Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳури Ироқ шомгоҳи душанбе, Муҳаммад Тавфиқ Аловиро пас аз ҳафтаҳо ройзанӣ ва машварат ба симати нахуствазири нави Ироқ муаррифӣ кардааст.

Гуфта мешавад Аловӣ аз миёни рӯйхати сенафараи Солеҳ ба нахуствазирии нави Ироқ расидааст.

Аловӣ аз соли 2003 то кунун ду давра намояндаи Маҷлиси Ироқ будааст. Ӯ ҳамчунин дар давлати Нурӣ Алмоликӣ вазири иртиботот буд.

Одил Абдулмаҳдӣ нахуст вазири Ироқ сиюми ноябри 2019 ба дунболи эътирозҳои мардумӣ дар чанд шаҳри Ироқ истеъфо кард ва аз ҳамон замон то таин ва муаррифии нахуствазири нав, давлати ӯ ба унвони давлати пешбурди умур номида шудааст.

Бархе аз вилоятҳои Ироқ дар моҳҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ ҳастанд, аммо ин эътирозот дар ҳафтаҳои ахир ба самти хушунат рафта ва даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Шавоҳид нишон медиҳад тазоҳурот дар Ироқ худҷӯш набуда ва бегонагон дар шаклгирии он нақш доштаанд.

 

Барчасп