Январ 22, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Тасаллути артиши Яман бар Ҷабалулманор - иртифои роҳбурдӣ дар шарқи Санъо

Артиши Яман бар Ҷабалулманор - иртифои роҳбурдӣ дар шарқи Санъо мусаллат шуд.

Манобеи низомӣ дар Яман хабар доданд, ки артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар зимни муқобила бо ҳамалоти низомӣ дар шарқи пойтахт, бар иртифои роҳбурдии Ҷабалулманор мусаллат шуданд.

Ба гузориши “Форс”, шаби гузашта нерӯҳои вобаста ба Ҳодӣ (ва эътилофи Саудӣ) зери оташи шадиди артиши Яман қарор гирифтанд то ҷое ки артиш муваффақ шуд, ононро ақиб биронад ва тасаллути худ бар Ҷабалулманор ва ҳамчунин ҷодаи Маъриб - Ҷуфро такмил кунад.

Набарди ҷадид дар ҷабҳаи шарқи пойтахт (Санъо) аз се рӯзи пеш оғоз шуд, замоне ки нерӯҳои вобаста ба давлати мустаъфӣ ва эътилофи Саудӣ талош карданд бо ташдиди ҳамалот дар ҷабҳаи нуҳум ба сӯи Санъо пешравӣ кунанд.

Вазорати дифои давлати мустаъфии Яман аз шибҳинизомиёни худ хоста буд, бо пешравӣ ба самти Санъо, пойтахтро аз контроли нерӯҳои Давлати наҷоти миллӣ хориҷ кунанд.