Озодии Ҷурф Сахар дар шарқи Хон Тумони Ҳалаб
Ҷурф Сахар (Jurf Sakhar) дар шарқи Хон Тумони Ҳалаб озод шуд.
Ба нақл аз Форс, артиши Сурия дар идомаи амалиёти низомии худ алайҳи террористҳо дар вилояти Ҳалаб, бомдоди сешанбе муваффақ шуд минтақаи Ҷурф Сахар дар ҷануби ин вилоятро аз ишғоли гуруҳҳои террористӣ озод кунад.
Артиши Сурия аз ҳафтаи гузашта ҳамзамон бо пешравиҳо дар Идлиб амалиётҳоеро дар ғарбу ҷануби вилояти Ҳалаб ҳам барои поксозии ин минтақаҳо аз вуҷуди террористҳо анҷом медиҳад, то тибқи мафоди оташ бас ҷоддаи байналмиллалии Ҳалаб ба Ҳама (Hama)-ро таҳти контрол дошта бошад.
Минтақаи Ҷурф Сахар дар шарқи шаҳраки муҳими Хон Тумон қарор дорад, ки ба контроли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия даромад.
Номи Ҷурф Сахар ёдовари иттифоқоте мушобеҳ дар Ироқ низ ҳаст. Вилояти Бобили Ироқ ҳам минтақае ба номи Ҷурф Сахар (ба маънои соҳили сангӣ) дорад, ки дар 60 километрии ҷануби ғарби Бағдод воқеъ аст ва мавқеияте муҳим дар хусуси пойтахти Ироқ ва вилояти Карбало дорад. Ин минтақа дар соли 2013 ба ишғоли ДИИШ даромад ва дар октябри 2014 дар амалиёти серӯза бо унвони Ошуро тавассути артиш ва Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ озод шуд.