Дидори духтари сардор Сулаймонӣ бо саид Ҳасани Насруллоҳ
Зайнаби Сулаймонӣ духтари сардор Сулаймонӣ бо саид Ҳасани Насруллоҳ Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор кард.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин дидор дар бораи сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ гуфт, Худованди субҳон ҳоҷи Қосими Сулаймониро ба ҷиҳод ва шаҳодат мушарраф намуд ва зиндагии ӯро бо зеботарин оқибат хатм кард.
Зайнаби Сулаймонӣ панҷшанбешаб дар маросиме, ки гуруҳҳои умури занони Ҳизбуллоҳ ва Анҷумани фарҳангии Лубнон дар Даҳия (Dahieh), ҳумаи ҷанубии Байрут барои сипаҳбуд шаҳид ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ баргузор карданд ҳузур ёфт ва суханронӣ кард.
Духтари сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар ин маросим тасреҳ кард, душманон намехоҳанд, ки ҷавонони ислом ҷасур бошанд, аммо нҳо ҳаргиз ба ҳадафҳои шуми худ нахоҳанд расид.
Сардор сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва теъдоде аз ҳамразмонаш бомдоди ҷумъа севвуми январи соли равон дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.
Сардор Сулаймонӣ ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.
Бар асоси эъломи Вазорати ҷанги Амрико Пентагон дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар содир карда буд.
Бисёре аз кишварҳо, созмонҳо ва гуруҳҳо, ин иқдоми террористии Амрикоро маҳкум кардаанд.
Сардор Сулаймонӣ чеҳраи барҷастаи мубориза бо гуруҳҳои такфирӣ ва террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар минтақаи ғарби Осиё буд.