Январ 31, 2020 21:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси парлумони Кувайт  бар ташкили кишвари мустақили фаластинӣ

Раиси маҷлиси парлумони Кувайт бо ишора ба тарҳи амрикоии “Муомилаи қарн”, бар ташкили кишвари мустақили фаластинӣ таъкид кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи пойгоҳи интернетии рӯзномаи “Раъй-ул-явм”, Марзуқ Алӣ Алғоним, раиси маҷлиси парлумони Кувайт гуфт, бидуни ташкили давлати озод ва дорои ҳокимияти комили Фаластин ва таҳаққуқи хостаҳои миллати Фаластин дар хусуси ҳокимият, марзҳо, Қудс, обҳо, оворагон ва барчидани тамоми шаҳракҳои эҳдосшуда аз соли 1967, ҳеҷ тарҳе қобили қабул нест.

Алғоним афзуд, тарҳи “Муомилаи қарн” ба далели адами таҳаққуқи хостаҳои одилона, машруъ ва ба ҳаққи миллати Фаластин, ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд.

Раиси маҷлиси Кувайт таъкид кард, дар ҳар гуна тарҳе бояд ба ҳуқуқи комили фаластиниён ва поён додан ба ишғолгарӣ таваҷҷуҳ кард ва дар ғайри ин сурат сухан дар ин бора беҳуда ва вақт талаф кардан аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шомгоҳи сешанбе ба ҳамроҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ аз тарҳи нажодпарастонаи “Муомилаи қарн” рӯнамоӣ кард.

Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, вогузории 30 дарсад аз Каронаи бохтарӣ ба Исроил, мухолифат бо бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон ва халъи силоҳи комили Фаластин, аз муҳимтарин мавзӯоти ин тарҳи нангин аст.

 

 

 

Барчасп