Иттиҳодияи араб Тарҳи муомилаи қарнро напазируфт
(last modified Sat, 01 Feb 2020 16:03:10 GMT )
Феврал 01, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи араб Тарҳи муомилаи қарнро напазируфт

Иттиҳодияи араб дар нишасти фавқулодаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия дар Қоҳира бо судури баёнияе Тарҳи муомилаи қарнро рад кард.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, баёнияи поёнии нишасти фавқулодаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи араб дар Қоҳира бар худдорӣ аз ҳар навъ таомул бо тарҳи сулҳи золимонаи Амрико таъкид кардааст.

Дар ин баёния омадааст, бо давлати Амрико барои иҷрои ин тарҳи сулҳ ҳамкорӣ нахоҳем кард ва ба ишғолгарони исроилӣ дар бораи иҷрои бандҳои ин тарҳ ва нодида гирифтани қатъномаҳои байналмиллалӣ ҳушдор медиҳем.

Аҳмад Абулғайз дабирикулли Иттиҳодияи араб дар бораи ин тарҳи амрикоӣ гуфт, масъалаи Фаластин барои ҳамаи арабҳо аҳамият дорад ва нишасти имрӯз барои эъломи ҳамбастагӣ бо миллат ва масъулони фаластинӣ аст.

Вай афзуд, тасаввур намекардем нақшаи роҳи Амрико то ин андоза ноумедкунанда ва ба дур аз инсоф бошад ба наҳве, ки тарафи исроилӣ тарҳи Амрикоро ҳадияе ба худаш медонад.

Маҳмуд Аббос раиси Ташкилоти худгардони Фаластин низ дар ин нишаст гуфт, дигар ҳарфи амрикоиҳоро бовар намекунем.

Аббос афзуд, медонистам Трамп пешниҳод хоҳад кард минтақаи Абу-Дис наздики Қудс ба унвони пойтахти Фаластин муаррифӣ шавад зеро амрикоиҳо мехоҳанд рустои кучаки Абу-Дис пойтахти кишвари Фалстин бошад.

Маҳмуд Аббос гуфт, соҳили ғарбӣ ва борикаи Ғазза 22 дарсад аз Фалстини таърихиро ташкил медиҳад ва мо ба он розӣ шуда будем ва акнун тарҳи Амрико 30 дарсад аз боқимондаи соҳили ғарбии рӯди Урдунро ҳам мегирад. Ин тарҳ ба Исроил тасаллути комили амниятӣ бар ғарби рӯди Урдун медиҳад.

Вай афзуд, миллатҳо дар ҳамаҷо дар ҳоли қиёмкардан барои эътироз ба Тарҳи муомилаи қарн ҳастанд.