Феврал 02, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Саудиҳо 13 киштии сӯзишворӣ ва маводи ғизоии мардуми Яманро тавқиф карданд

Масъулони бандари Ал-Хадидаи Яман эълом карданд, эътилофи саудӣ бо тавқифи 13 киштии ҳомили сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар атрофи ин бандар монеи паҳлугирии киштиҳо дар бандари Ал-Хадида мешаванд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алмасираи Яман, масъулони бандари Ал-Хадида шанбешаб тасреҳ карданд, киштиҳое, ки аз сӯи эътилофи саудӣ тавқиф шуданд, шомили беш аз 161 ҳазор тонна маводи нафтӣ, ҳудуди 8 ҳазору 500 тонна гоз ва 68 ҳазору 130 тонна маводи ғизоӣ аст.

Киштиҳои тавқифшуда иҷозатномаи Созмони Миллали Муттаҳидро дорад, аммо эътилофи саудӣ бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани мардуми Яман иҷозаи паҳлугирӣ ба ин киштиҳо дар бандари Ал-Хадида намедиҳад ва онҳоро тавқиф кардааст.

Давлати истеъфододаи Яман ва Ҷунбиши Ансоруллоҳ дар музокироти сулҳе, ки 13 декабри 2018 дар Стокголм пойтахти   Шветсия анҷом шуд, ба тавофуқҳое дар бораи вилоятҳои Ал-Хадида ва Таиз даст ёфтанд, аммо ин тавофуқҳо бо дахолати саудиҳо то кунун иҷро нашудааст.

Ахиран Созмони барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) шохаи кумаки ғизоии Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард, 12 миллион яманӣ дар остонаи хатари қаҳтӣ қарор доранд.

То кунун беш аз шонздаҳ ҳазор Яман дар таҷовузи эътилофи саудӣ кушта ва ҳазорон нафар низ захмӣ шудаанд.