Феврал 02, 2020 14:25 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳури Ироқ Муҳаммад Тавфиқ Аловиро ба симати нахуствазирӣ ва маъмури ташкили давлати нави ин кишвар муаррифӣ кардааст.

Ба нақл аз ИРНО, баъд аз гузашти ду моҳ аз истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ, раиси ҷуҳмури Ироқ дар ниҳоят бо машварати гуруҳҳои сиёсӣ ба буҳрони нахуствазирии ин кишвар поён дод ва Муҳаммад Тавфиқ Аловиро ба симати нахуствазирии ин кишвар мансуб кард.

Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ рӯзи шанбе дар паёме тасвирӣ дар Фейсбук бо қадрдонӣ аз Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳури Ироқ ваъда дод, ҳамаи талоши худро барои баргузории интихоботи зӯдҳангом ва ташкили давлати нав ба кор гирад.

Аловӣ аз соли 2003 ду давра намояндаи Маҷлиси Ироқ ва дар давлати Нурӣ Алмоликӣ низ вазири иртибототи Ироқ буд.

Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири пешини Ироқ ахиран ба дунболи афзоиши эътирозҳои мардумӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар аз симати худ истеъфо дод.

Барчасп