Тазоҳуроти мардуми Лубнон зидди тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн"
(last modified Sun, 02 Feb 2020 12:55:57 GMT )
Феврал 02, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Лубнон зидди тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии

Шуморе аз мардуми Лубнон дар эътироз ба тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн", дар баробари сафорати Амрико дар Бейрут тазоҳурот карданд.

Мардуми Лубнон бо таҷаммӯъ дар атрофи сафорати Амрико дар Бейрут, пойтахти ин кишвар иқдоми Амрико дар рӯнамоӣ аз тарҳи "Муомилаи қарн"-ро маҳкум карда ва бо сар додани шиорҳое зидди Амрико ва Исроил, иқдомоти зиддифаластинии онҳоро маҳкум карданд.

Мақомот ва ҷараёнҳои мухталифи Лубнон низ дар рӯзҳои гузашта мухолифатҳои худро бо тарҳи "Муомилаи қарн" эълом карданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар Кохи Сафед аз тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" рӯнамоӣ кард.

Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, вогузории 30 дарсад аз Каронаи Бохтарӣ ба Исроил, мухолифат бо бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон ва халъи силоҳи комили Фаластин, аз муҳимтарин мафоди ин тарҳи нангин аст.