Феврал 04, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Санъо ба Созмони Миллал: сабрамон дар Ал-Ҳадида ба сар омадааст

Раиси ҳайати яманӣ дар Кумитаи ҳамоҳангии муштарак, дар дидор бо раиси тими нозирони Созмони Миллал дар Яман ёддошти эътирозӣ дар бораи поймолсозии мукаррари тавофуқи Шветсия ба вай таҳвил дод.

Ба нақл аз Форс, Муҳаммад Алқодирӣ раиси тими Санъо дар Кумитаи ҳамоҳангии муштарак эълом кард, ин тим бо генерал Абҳиҷит Гоҳа раиси тими нозирони Созмони Миллал дар Яман дидор ва ёддошти эътирозӣ дар бораи поймолсозии мукаррари тавофуқи Шветсия ба дасти эътилофи саудӣ ба вай пешниҳод кардааст.

Алқодирӣ гуфт, мухтасот ва мавзеъҳои душман ва нерӯҳояш ба генерал Гоҳа таҳвил ва таъкид шуд эътилофи саудӣ дар ҳоли доман задан ба танишҳои хатарнок дар соҳили ғарбӣ ва ин як пешзаминаи хатарнок барои поймолсозии бештари тавофуқи Шветсия аст.

Нерӯҳои эътилофи саудӣ беш аз як сол аст, ки аз иҷрои тавофуқи Шветсия худдорӣ мекунанд ва Созмони Миллал ҳеҷ мавзеи ҷиддӣ аз худ дар ин замина нишон намедиҳад.

Тавофуқи Шветсия дар пайи музокирот миёни тими Санъо ва давлати истеъфододаи Яман дар декабри 2018 дар Стокголм имзо шуд ва аз ҷумла моддаҳои он барқарории оташ бас дар Ал-Ҳадида буд.