Феврал 05, 2020 15:05 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Путин ва Эрдуғон дар бораи ҳамоҳангии бештари иқдомот дар Сурия

Руасои Ҷумҳурии Русия ва Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ бо нигаронӣ аз афзоиши вахомати авзоъ дар минтақаи коҳиши таниши Иблид тавофуқ карданд, ки барои афзоиши ҳамоҳангиҳо ва тасбити авзоъ тадбирҳои фаврӣ дар назар гирифта шавад.

Ба нақл аз шабакаи Алолам, дафтари матбуотии Кремл эълом кард: Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия дар ин музокирот авзои кунунӣ дар Ҷумҳурии арабии Сурияро баррасӣ ва аз вахимтар шудани авзоъ дар минтақаи коҳиши таниши Идлиб ибрози нигаронӣ карданд.

Дар ин музокирот Владимир Путин дар бораии фаъол шудани шадиди гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамлаҳои мукаррари онҳо ба соири манотиқ, ки мунҷар ба талафоти бешуморе аз миёни ғайринизомиён шудааст, ҳушдор дод.

 Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин тавофуқ карданд, то иқдомоти фаврӣ дар арсаи амалиёти Сурия аз тариқи вазоратҳои дифои Русия ва Туркия анҷом шавад.

 

 

Барчасп