Феврал 05, 2020 22:25 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани тарҳи “Муомилаи қарн” дар порлумони Кувайт

Маҷлиси намояндагони Кувайт имрӯз дар ҷаласаи худ тарҳи амрикоии мавсум ба “Муомилаи қарн” -ро маҳкум кард ва хостори гирифтани мавзеи мухолифи арабӣ-исломӣ дар бораи он шуд.

Ба гузориши “Форс”, порлумони Кувайт имрӯз, чаҳоршанбе дар ҷаласаи худ тарҳи “Муомилаи қарн” -ро, ки шомили чашмпӯшӣ аз ҳуқуқи фаластинӣ, арабӣ ва исломӣ дар заминҳои ишғолӣ аст, маҳкум кард.

Порлумони Кувайт ҳамчунин хостори иттихози мавзеи расмии арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ дар маҳкумияти ин тарҳи шикастхӯрда ва ҳимоят аз пойдории миллати Фаластин дар сарзамини худ шуд.

Порлумони Кувайт ҳамчунин бар якпорчагии талошҳои мардумӣ, миллӣ, арабӣ ва исломӣ барои ёрии миллати Фаластин ва муаррифии ҷиноятҳои мустамари режими ишғолгар барои миллатҳои озодаи ҷаҳон таъкид кард.

Порлумони Кувайт ҳамчунин аз давлатҳо ва парлумонҳои ҷаҳон, ки мавозееро дар мухолифат бо “Муомилаи қарн”  иттихоз кардаанд, қадрдонӣ кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, мавзеи одилонатар дар хусуси ҳуқуқи қонунии миллати Фаластин иттихоз кунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳур Амрико 28 январи гузашта дар як конфронси муштарак бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн” -ро рӯнамоӣ кард, ки ҳуқуқи фаластиниҳо ба назар гирифта нашудааст.