Феврал 06, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Сафари Помпео ба Аврупо, Африқо ва ғарби Осиё бо меҳварияти Эрон

Вазорати хориҷаи Амрико дар як баёния аз сафари ояндаи Помпео ба мақсади Олмон, Арабистони Саудӣ, Уммон ва чанд кишвари африқоӣ бо мавзӯи баррасии масоили Эрон хабар дод.

Ба гузориши Форс, вазири хориҷаи Амрико 13 то 22 феврал дар як сафари давраӣ ба тартиб ба Олмон, Сенегал, Ангола, Эфиопия, Арабистони Саудӣ ва Уммон меравад.

Майк Помпео қарор аст 14 феврал зимни сафар ба Олмон, дар конфронси амниятии Мюнхен ширкат мекунад. Ў зимни суханронӣ дар ин конфронс бо мақомҳои дигар кишварҳо дидор ва дар бораи «авлавиятҳои амниятӣ», ройзанӣ мекунад.

Мақсади баъдии сафари Помпео, Дакар- пойтахти Сенегал аст ва ӯ қарор аст 15 феврал бо мақомҳои ин кишвари африқоӣ дар бораи таъмиқи «мушорикати иқтисодӣ ва амниятӣ» байни ду кишвар ройзанӣ кунад.

Вазири хориҷаи Амрико баъд аз поёни сафар ба Сенегал, байни 17 то 19 феврал аз Ангола ва Эфиопия дидан ва бо раҳбарони онҳо дар бораи равобити дуҷониба ройзанӣ мекунад.

Тибқи эъломи Вашингтон, қарор аст, Помпео дар ин сафари давраӣ ба ду кишвари Арабистони Саудӣ ва Уммон дар минтақаи ғарби Осиё биравад.

Тибқи баёнияи вазорати хориҷаи Амрико, Помпео дар ҳаддифосили 19 то 21 феврал дар Риёз бо мақомҳои Саудӣ дидор мекунад ва сипас ба Масқат, пойтахти Уммон меравад.

Ба гуфтаи ин вазоратхона, Помпео дар Риёз бо раҳбарони Арабистони Саудӣ дар бораи «масоили минтақа ва дуҷониба аз қабили Эрон, Яман ва ҳуқуқу башар», сӯҳбат ва табодули назар мекунад.

Вазири хориҷаи давлати Доналд Трамп дар охирин мақсади ин сафари давраӣ ба Масқат меравад ва бо Ҳайсам ибни Ториқ, подшоҳи Уммон дидор мекунад.