Феврал 10, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти амрикоӣ ба пойгоҳи Айн ал-Асади Ироқ

Як манбаи амниятии ҳозир дар устони Ал Анбор хабар дод, ки Амрико таҷҳизоти ҷадиде вориди пойгоҳи Айн ал-Асади Ироқ кардааст.

Ба гузориши Форс, ин таҷҳизот, шомили абзорҳои ҳамлу нақл, дастгоҳҳои сангфарш, мошинолоти роҳсозӣ ва маводи сохтумонӣ будааст.

Кеннет МакКензи,фармондеҳи мақари маркази нирӯҳои террористи амрикоӣ дар минтақаи ғарби Осиё моҳи ҷорӣ, дар сафар ба Ироқ, аз пойгоҳи Айн ал-Асад боздид кард.

Ин боздид дар шароите буд, ки парлумони Ироқ пайрави террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи “Қудс”- Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, муовини басиҷи мардумии Ироқ дар ҳамлаи паҳподи артиши Амрико ба ихроҷи низомиёни хориҷӣ аз Ироқ раъй дод.

Бо вуҷуди мусаввабаи парлумони Ироқ, Вашингтон токунун дар баробари хости Бағдод барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ, муқовимат карда ва гуфтааст, ки қасд дорад пойгоҳҳои низомии худро низ ба сомонаҳои падофандӣ муҷаҳҳаз кунад.

Дар ҳамин иртибот, Қассӣ ал Анборӣ, аз фармонднҳони басиҷи мардумии Ироқ, якшанбе (рӯзи гузашта) дар бораи нақши пойгоҳи Айн ал-Асад дар Ироқ гуфт, ки нирӯҳои амрикоии ҳозир дар ин пойгоҳ, иттилоот ва ахбори лозим дар бораи амалиёти амниятии басиҷи мардумӣ ваа нирӯҳои амниятии Ироқ дар саҳрои Ал Анборро дар ихтиёри террористҳо қарор медиҳанд.

Вай зимни таъкид бар зарурати тадовуми амалиёти амниятӣ барои поксозии саҳрои Ал Анбор ва бастани куллияи тунелҳо ва роҳҳои нуфӯзи террористҳо ба хоки Ироқ тасреҳ кард, Ал Анбор бузургтарин саҳрои Ироқро дар худ, ҷой додааст ва ба далели доштани пастӣ ва баландиҳои мутааддид, ҳанӯз махфигоҳи муносибе барои созмонҳои террористие, ки аз Сурия ба Ироқ меоянд ба шумор меравад.