Феврал 10, 2020 22:00 Asia/Dushanbe
  • Эъломи хурӯҷи комили нирӯҳои Иморот аз Яман

Иморот хурӯҷи комили нирӯҳояшро аз Яман эълом кард.

Ба гузориши ИСНА, Исо Ал Мазруъӣ, фармондеҳи амалиёти муштараки Яман гуфт, роҳбурди ҷадид мустақиман бар пояи артиши Яман (нирӯҳои вобаста ба давлати мустаъфӣ) бино шудааст, артише, ки омӯзиш дида ва муҷаҳҳаз шудааст то битавонад маъмуриятҳои ҷангии худро ба танҳоӣ ва бидуни такя ба нирӯҳои иморотӣ, ки ба стратегияи ғайримустақим рӯй овардаанд, идома диҳад.

Вай афзуд, пас аз панҷ сол аз амалиёти "Туфони қотеъ" роҳбурди нирӯҳои Иморот аз мустақим ба ғайримустақим тағйир кардааст. Нирӯҳои мусаллаҳи Иморот ва амалиёти вижа бо тамоми ягонҳояш дар қолаби беш аз 15000 нирӯ дар шаҳрҳои мухталиф ва устонҳои Яман ҳузур доштанд.

Ал Мазруъӣ дар ҷашни истиқбол аз нирӯҳои бозгашта аз Яман афзуд, ҳавопаймоҳои мухталифи нирӯҳои мусаллаҳи Иморот тайи давраи ҳузур дар Яман беш аз 130 ҳазор маврид парвоз дошта ва беш аз 500 ҳазор соат бар фарози манотиқи амалиётӣ парвоз карданд.

Вай гуфт, аммо нирӯи дарёии Иморот худ ба танҳоӣ бо беш аз 3000 дарёнаварди ҷангҷӯ дар се ягон ҳузур доштааст. Нирӯҳои Иморот нақши аслиро дар "озодсозии" 85 дарсад аз маҷмӯи 90 дарсад арозии озодшуда ифо карданд.

Ал Мазруъӣ дар идома шумори талафоти нирӯҳои Иморот дар Яманро 108 низомӣ эълом кард.