Феврал 11, 2020 20:59 Asia/Dushanbe
  • Муборизаи артиши Сурия бо “Ҷабҳатуннусра” дар шарқи Идлиб

Артиши Сурия дар шаҳраки Алнераб, воқеъ дар ғарби Сарақиб дар ҳоли муқобила бо ҳамалоти гурӯҳи террористии “Ҷабҳатуннусра” аст.

Ба гузориши ИСНА, Вазорати дифои Туркия имрӯз бо баёни ин ки болгарди Сурияро соқит кардааст, иддао кард, нерӯҳои давлати Сурия шаҳраки Алнераби ғарби Сарақибро тарк карданд. Ҳамчунин артиши Сурия дар шаҳраки Алнераб, маҳалли кушта ва захмӣ шудани нерӯҳои шӯришӣ дар ҳоли муқобила бо ҳамалоти гурӯҳи террористии “Ҷабҳатуннусра” аст.

Пеш аз ин ҳам хабаргузории “Спутник” эълом карда буд, артиши Сурия ва нерӯҳои “Алқоида” дар меҳвари шаҳраки Алнераб, дар шарқи Идлиб вориди даргириҳои шадиде шуданд ва артиши Сурия бо ҳамалоти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар меҳвари Алнераб муқобила мекунад. Вай афзуд, нерӯҳои давлати Сурия дар наздикии посгоҳи Туркия дар Идлиб оташ гушуданд, ки мунҷар ба посухгӯии давлати Туркия шуд.