Феврал 12, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Исмоил Ҳаниа ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос, дар паёме ба маҳзари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба эшон ва миллати Эрон табрик гуфт.

Ба гузориши Тасним, Исмоил Ҳаниа дар ин паём ҳамчунин аз мавозеи усулии Эрон дар қиболи масъалаи Фаластин ва ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз миллат ва муқовимати Фаластин қадрдонӣ кард ва аз даргоҳи худованди муттаол саломатӣ ва тавфиқи рӯзафзунро барои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва пешрафт ва шукуфоии ҳар чи бештарро барои Ҷумҳурии исломӣ ва миллати бузургвори Эрон хостор шуд.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 (22 баҳмани 1357) ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (р) ба пирӯзӣ расид.