Дархости расмии Яман аз Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i5083-Дархости_расмии_Яман_аз_Эрон
Раиси Маҷлиси намояндагони Яман барои мутаваққиф шудани ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими Оли Сауд ва рафъи муҳосираи иқтисодии ин кишвар ба таври расмӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дархости кӯмак кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 29, 2016 15:24 Asia/Dushanbe
  • Дархости расмии Яман аз Эрон

Раиси Маҷлиси намояндагони Яман барои мутаваққиф шудани ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими Оли Сауд ва рафъи муҳосираи иқтисодии ин кишвар ба таври расмӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дархости кӯмак кард.

Яҳё Алӣ Роӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Яман дар номае ба Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо ишора ба талоши мутаҷовизон барои инҳирофи афкори умуми Яман дар хусуси бозгардонидани субот ба ин кишвар таъкид кардааст, мутаҷовизон дар баробари куштори кӯдакон, занон ва ғайринизомён нобуд кардани зерсохторҳои ин кишвар ва фоҷеаҳои зистмуҳитии фаровонеро барои мардум Яман "ба армуғон" овардаанд. Ӯ ҳамчунин афзуд, бархе кишварҳои арабӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо назардошти манофеи худ мекӯшанд, саломату қонунманд будани парлумони Яманро зери савол баранд.

Арабистон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабии минтақа ва ҳамроҳи Амрико сар аз моҳи марти соли 2015 ҳамалаҳои густурдаеро ба Яман оғоз кардааст, ки бар асари ин ҳамалот ҳазорон яманӣ кушта ва захмӣ шудаанд.