Феврал 17, 2020 13:03 Asia/Dushanbe
  • Марги солона 50 ҳазор навзоди камтар аз  28 рӯз дар Яман

Вазири тандурустии давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, бо идомаи ҷанг алайҳи ин кишвар, ҳарсол 50 ҳазор навзоди яманӣ камтар аз 28 рӯз ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба нақл аз Форс, Тоҳо Алмутаваккил вазири тандурустии давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, бахши тандурустии Яман ниёзи фаврӣ ба камаш ҳазор утоқи шишаӣ NICU  вижаи нигаҳдорӣ аз навзодон дорад.

Алмутаваккил тасреҳ кард, ҳарсол 50 ҳазор навзоди зери 28 рӯз ба далели набуди хадамот ва камбуди утоқҳои шишаӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Вай дар хусуси ихтилолоти равонии бархоста аз идомаи ҷанг алайҳи ин кишвар ҳам гуфт, ҳимояти равонӣ дигар ниёзе ба гуфтан надорад, дар натиҷаи бомборони ваҳшатнок занон ва кӯдакон ба дасти эътилоф мо ниёзманди марказҳои беҳдоштӣ ва дору барои дармони бемориҳои равонӣ ҳастем.

Пештар созмони ҷаҳонии ЮНИСЕФ дар гузорише замни ҳушдор дар бораи вазъияти ғайринизомиён дар Яман гуфт, ки ҳар ду соат як модар ва 6 навзоди яманӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Вазири беҳдошти Яман аввалҳои имсол эълом карда буд, ба далели таҷовузи эътилофи саудӣ-амрикоӣ ва муҳосираи Яман беш аз 100 ҳазор кӯдаки яманӣ дар як сол фавт кардаанд.