Феврал 18, 2020 14:20 Asia/Dushanbe
  • Идомаи хашми Ғарб аз амалиёти Идлиб; Шветсия хостори фишори Аврупо алайҳи Сурия шуд

Вазири умури хориҷаи Шветсия ҳамросто бо мухолифатҳои Ғарб бо амалиёти поксозии террористҳо дар вилояти Идлиб, ташдиди фишори Иттиҳодияи Аврупо бар Сурияро хостор шудааст.

Ба нақл аз Форс, Энн Линде вазири умури хориҷаи Шветсия баъд аз ҳузур дар Нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо хостори ташдиди фишори Аврупо бар давлати Башор Асад шуда ва амалиёти артиши Сурия дар Идлибро маҳкум кардааст.

Вазири умури хориҷаи Шветсия баъд аз ҳузур дар  Нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюксел, матлабе дар Фейсбуки худ мунташир карда ва амалиёти артиши Сурия дар вилояти Идлиб барои поксозии он аз террористҳоро ваҳшатнок хондааст.

Энн Линде аз Иттиҳодияи Аврупо хост, фишор бар режими Башор Асадро ба манзури муқобила бо амалиёти артиши Сурия дар вилояти Идлиб ташдид кунад.

Суҳбатҳои вазири умури хориҷаи Шветсия дар ҳоле матраҳ шуда, ки Иттиҳодияи Аврупо рӯзи гузашта дар вокуниш ба пешравиҳои артиши Сурия дар амалиёти поксозӣ ва озодсозии вилояти Идлиб аз террористҳо, таҳримҳо алайҳи Сурияро ташдид кард. Дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо тасреҳ шуд, Парлумони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз 8 тоҷири барҷаста ва ду ниҳоди дахлдор бо тоҷирони низоми Сурия ва ҳомиёнашро дар рӯйхатти таҳримҳо қарор дод.