Феврал 19, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Русия: 90 дарсади хоки Сурия озод шудааст

Вазири дифои Русия зимни эъломи озодсозии 90 дарсад аз хоки Сурия, лағви таҳримҳои энергетикии ин кишварро хостор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, гненерал Сергей Шойгу, вазири дифои Русия эълом кард: Артиши Сурия дар амалиёти ахири худ тавонистааст, беш аз 700 километри мураббаъро дар устонҳои Ҳалаб ва Идлиб озод ва поксозӣ кунад.

Бар асоси ин гузориш, дар ин амалиёт, ки як моҳ ба тӯл анҷомид, артиши Сурия ба 30 километр маркази устони Идлиб расид. Бузургроҳи Ҳалаб-Дамишқро баъд аз солҳо озод ва ғарби шаҳри Ҳалаб аз вуҷуди террористҳо поксозӣ шуд ва террористҳо аз ин шаҳр комилан ақиб ронда шуданд.

Сергей Шойгу ҳамчунин аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, ки Дамишқ аз таҳримҳои таҳмилшуда дар ҳавзаи энергетика муоф шавад.

Таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия, тавқифи дороиҳои Бонки марказии ин кишвар дар Аврупо, таҳрими нафтӣ ва маҳдудиятҳое дар заминаи сармоягузорӣ дар Сурияро низ шомил мешавад.

 

Барчасп