Феврал 19, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти мудохилаҷӯёнаи низомии англис дар Бейрут

Мушовири вазири дифои Англия дар изҳороте мудохилаҷӯёна ва дар тазод бо нақшаи роҳи давлати ҷадиди Лубнон гуфт, аз нигоҳи Лондон фақат артиш мудофеи қонунӣ аз марзҳо ва суботи Лубнон аст.

Ба гузориши ИРНА, Сер Ҷон Лареймер, мушовири вазири дифои Англия дар изҳороте мудохилаҷӯёна ва дар тазод бо нақшаи роҳи давлати ҷадиди Лубнон, ки машрӯияти муқовимат дар дифоъ аз ин кишварро ба расмият шинохтааст , гуфт, ки аз нигоҳи Лондон артиш танҳо мудофеи қонунӣ аз марзҳо ва суботи Лубнон аст.

Сафорати Англия дар Лубнон дар баёнияе, ки дар Бейрут мунташир шуд, эълом кард, Лареймер дар дидори сешанбешаб ва имрӯзи худ бо Мишел Увн, раисҷумҳурӣ, Набиа Бери, раиси маҷлис, Ҳассон Диёб, нахуствазир, Зинат Акар, муовини нахуствазир ва вазири дифоъ ва Жозеф Увн, фармондеҳи артиш хотирнишон кард, ки Англия артишро санги бинои ҳокимият ва танҳо мудофеи қонунии марзҳои Лубнон мешиносад ва омодаи ҳамкорӣ ва кумак ба он аст.

Бар хилофи ин иддао, дар барнома ва баёнияи расмӣ (нақшаи роҳ) –и давлати ҷадиди Лубнон, ки 22 баҳман дар маҷлиси миллии ин кишвар хонда шуд ва намояндагон ба он раъйи эътимод доданд, бар нақш ва масъулияти сегонаи «артиш – муқовимат – миллат» барои дифоъ аз марзҳои заминӣ, ҳавоӣ, дарёӣ ва тамомияти сарзаминии Лубнон таъкид шудааст.

Лареймер дар ин дидорҳо, ки Крис Ромблинг, сафири Англия дар Бейрут вайро ҳамроҳӣ кард, ҳамчунин гуфт, фақат нерӯҳои амнияти дохилӣ масъулияти таъмини амният ва суботи Лубнонро бар ӯҳда доранд.

Мушовири вазири дифои Англия кифт, акнун ва пас аз ташкили давлат фурсати муҳиме барои Лубнон фароҳам шудааст, ки бо чолишҳо ва буҳронҳои иқтисодӣ ва молӣ мувоҷеҳ шавад ва иқдомҳои фаврӣ барои ҳалли онҳо анҷом диҳад. Сафири Англия дар Бейрут ҳам дар ин дидорҳо гуфт: лозимаи убур Лубнон аз ин марҳалаи сахт ва вуруд ба марҳалаи ҷадид ва бозгашти оромиш ва субот, таҳаққуқ бахшидан ба ваъдаҳое аст, ки давлат ба мардум додааст.