Феврал 19, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Таҳаққуқи орзӯи мардуми Сурия барои азсаргирии фаъолияти фурудгоҳи Ҳалаб

Орзӯи мардуми Сурия барои азсаргирии фаъолияти фурудгоҳи Ҳалаб амалӣ шуд.

Пас аз ҳашт сол аввалин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Ҳалаб парвоз кард.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ҳалаб, воқеъ дар шимоли Сурия, ки ба далели ҳамалоти террористҳо ба ин минтақа ҳашт сол таътил буд, оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Алмисрӣ, мудири фурудгоҳи байналмилалии Ҳалаб эълом кард, бо талоши коркунон ва муҳандисон, фурудгоҳи байналмилалии Ҳалаб омодаи истиқбол аз парвозҳо ва мусофирон аст.

Вай гуфт, бозкушоии ин фурудгоҳ пирӯзии бузурге барои мардуми Сурия аст, ки дар пайи талошҳо ва фидокориҳои артиш ва кумитаҳои мардумии шибҳинизомӣ барои шикасти террористҳо ва барқарории амнияти шаҳр ба даст омадааст.

Алӣ Ҳамуд, вазири ҳамлу нақли Сурия ҳам гуфт, дар барномаҳои фурудгоҳи байналмилалии Ҳалаб парвозҳо аз мақсади Ҳалаб ба Димишқ ва Қоҳира низ гунҷонда шудааст, ки замони онҳо дар рӯзҳои оянда мушаххас мешавад.

Фурудгоҳи байналмилалии Ҳалаб дар ҳоле бозкушоӣ мешавад, ки дар рӯзҳои ахир пешравии артиши Сурия дар устони Идлиб ва манотиқи ғарбии Ҳалаб барои озодсозии охирин манотиқи таҳти контроли террористҳо бо суръати ҳарчӣ бештар идома дорад.