Феврал 24, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Богданов: ҳадафи Амрико аз террори генерали Эрон бесубот кардани минтақа буд

Намояндаи раисиҷумҳури Русия дар Ховари Миёна гуфт, ҳадафи Амрико аз террори Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бесубот кардани минтақаи Ғарби Осиё буд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросн, Михаил Богданов дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи юнонии Тувима, ки рӯзи якшанбе дар сайти интернетии Вазорати умури хориҷаи Русия мунташир шуд гуфт, нерӯҳои муаяне дар байни нухбагони сиёсии Амрико шавқманд ба оддисозии вазъияти минтақа нестанд.

Вай афзуд, онҳо баракс мехоҳанд вазъияти минтақаи Ғарби Осиё бесубот шавад, то инки аз муноқишаҳои доим ва оби лой олуд моҳӣ бигиранд ва террори сардор Қосими Сулаймонӣ, ки саҳми қобили таваҷҷуҳе дар мубориза бо терроризм ва решакан кардани ДИИШ дошт аз ин навъ иқдомот буд.

Намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна ёдоварӣ кард, тобистони соли гузашта дар шароити ташдиди танишҳо дар Халиҷи Форс мо (Русия) Тарҳи русии таъмини амнияти ҷамъӣ дар ин минтақаро пешниҳод кардем.

Богданов гуфт, тарҳи Русия шомили пешбурди тадреҷии ҳаллу фасли вазъияти муноқиша ва эътимодсозӣ ва контрол ва шаклгирии созу кори амният ва ҳамкории ҷамъӣ мешавад.

Сардор Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ севвумин январ ба фармони мустақими раисиҷумҳури Амрико дар Бағдод террор шуд ва ба дараҷаи баланди шаҳодат расид.

 

Барчасп