Феврал 24, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани гузаргоҳи Байт-Ҳонуни Ғазза

Исроил гузаргоҳи гузаргоҳи Байт-Ҳонуни Ғаззаро баст.

Манобеи фаластинӣ эълом карданд, дар пайи боло гирифтани танишҳои майдонӣ бо Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ, мақомоти ишғолгари саҳюнистӣ имрӯз (душанбе) гузаргоҳи шимоли навори Ғаззаро бастанд.

Ба гузориши ИСНА, ба навиштаи рӯзномаи фаромитақавии “Ал Қудс ал Арабӣ”, мудирияти гузаргоҳ гуфт, дар пайи танишҳои майдонии ахир мақомоти режими саҳюнистӣ тасмим гирифтанд ин гузаргоҳро то иттилои сонавӣ аз ду самт бибанданд.

Ин иқдом дар пайи маҷрӯҳ шудани чаҳор фаластинӣ дар ҳамалоти ҷангандаҳои режими саҳюнисти ба навори Ғазза сурат гирифт.

Гурдонҳои Сароё ал Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, дар баёнияе эълом карданд, дар посух ба террори шаҳид Муҳаммад Ал Ноим, яке аз аъзои ин гурдонҳо тавассути артиши режими саҳюнистӣ, асри якшанбе шаҳракҳои исроилӣ воқеъ дар ҷануби арозии ишғолиро ҳадаф ракетҳои худ қарор доданд.

Ҳамалоти  ин гурдонҳо пас аз он анҷом шуд, ки артиши ишғолгари Қудс субҳи якшанбе дар наздикии девори амниятӣ воқеъ дар ҷануби Ғаза, як ҷавони фаластиниро ба шаҳодат расонд ва се танро захмӣ кард.