Феврал 25, 2020 10:33 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани тамомии гузаргоҳҳои навори Ғазза

Исроил тамомии гузаргоҳҳои навори Ғаззаро мебандад.

Ба нақл аз Форс, шабакаи хабарии Алмаёдин гузориш дод, ки режими саҳюнистӣ тасмим гирифта то тамомии гузаргоҳҳо бо навори Ғаззаро масдуд кунад.

Бар асоси ин шабакаи хабарӣ, ин режим ҳамчунин ҳарими баҳрии атрофи савоҳили борикаи Ғаззаро низ масдуд мекунад.

Ин иқдом дар ҳолест, ки манобеи фаластинӣ соате пеш аз ҳусули тавофуқи оташбас дар навори Ғазза хабар доданд.

Таниш дар Ғазза пас аз он афзоиш ёфт, ки Сароёл-Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин субҳи имрӯз бо судури баёнияе эълом кард ду размандаи ин гуруҳ ба номҳои Зиёд Аҳмад Мансур (23 сола) ва Салим Аҳмад Салим (24 сола) дар ҳамлаи ҳавоии саҳюнистҳо дар Сурия дар шаби гузашта ба шаҳодат расиданд.