Феврал 25, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Густариши вируси “корона” дар кишварҳои ғарби Осиё

Вируси “корона” дар кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ҳамонанди бисёре аз кишварҳои ҷаҳон густариш пайдо кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ дар иттилоияе эълом кард, 244 нафар дар Арабистон ба вируси “корона” мубтало шудаанд, ки 18 нафари онҳо то кунун ҷони худро аз даст додааст.

Вазорати беҳдошти Баҳрайн низ аз сабти 6 мавриди ибтило ба вируси “корона” дар ин кишвар хабар дод ва тасреҳ кард, шуморе аз афроди мубтало ба вируси “корона” дар Баҳрайн шаҳрвандони ин кишвар ва теъдоде ҳам шаҳрвандони Саудӣ ҳастанд.

Рӯзи гузашта Вазорати беҳдошти Баҳрайн аз сабти аввалин мавриди ибтило ба вируси “корона” дар ин кишвар хабар дода буд.

Аморот низ аз дигар кишварҳои минтақаи ғарби Осиёст, ки вируси “корона” дар он густариш пайдо кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати беҳдошти Аморот, то кунун 50 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба вируси “корона” мубтало шуда ва 18 тан аз онҳо дар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст.

Масъулони Вазорати беҳдошти Кувейт ҳам эълом карданд, шумори мубталоён ба вируси “корона” дар ин кишвар ба 8 нафар расидааст. Вазорати беҳдошти Умон ҳам аз ибтилои ду нафар дар ин кишвар ба вируси “корона” хабар дод.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар баёнияе аз ҳама кишварҳои ҷаҳон хост, муроқиби вируси “корона” бошанд ва ҳама тадобири лозимро барои муқобила бо он ба кор банданд.