Март 02, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири нави Ироқ аз ташкили кабина инсироф дод

Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ, нахуствазири нави Ироқ якшанбешаб дар паёме видеоӣ эълом кард аз ташкили кабина инсироф додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аловӣ дар ин паёми видеоӣ далели инсирофаш аз ташкили кабинаро фишорҳои сиёсии бархе гурӯҳҳо унвон кард.

Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ бо ишора ба дархости бархе гурӯҳҳо барои гирифтани симати вазоратӣ, аз тазоҳуркунандагони ироқӣ хост бо афзоиши фишор ба ин гурӯҳҳо мутолиботи миллии худро хостор шаванд.

Аловӣ ҳамчунин дар номаи расмӣ ба Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳурии Ироқ ба хотири муваффақ нашудани худ дар ташкили кабина узрхоҳӣ кард.

Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳуи Ироқ низ бо қабули канорагирии Аловӣ аз ташкили кабина эълом кард, дар 15 рӯзи оянда бо машварати гурӯҳҳои мухталиф, гузинаи нави нахуствазириро муаррифӣ хоҳад кард.

Рӯзи якшанбе ҷаласаи вижаи раъйи эътимоди парлумони Ироқ ба кабинаи Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ ба далели ба ҳадди нисоб нарасидан барои панҷумин бор дар як ҳафтаи ахир ба ақиб афтод.

Имрӯз душанбе охирин муҳлати Аловӣ барои ташкили кабина буд.

Аз 329 намояндаи парлумони Ироқ танҳо 108 намоянда дар ҷаласаи рӯзи якшанбе ҳузур пайдо карданд.

Ироқ аз якуми октябри 2019 шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъи номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ аст.

Бо идомаи эътирозҳо ва ҳамчунин табдили эътирозҳо ба хушунатҳои хиёбонӣ, Одил Абдулмаҳдӣ 29 ноябри 2019 аз симати нахуствазирии Ироқ истеъфо дод ва Муҳаммад Тавфиқ Аловӣ ҷойгузини ӯ шуд.

Барчасп