Март 04, 2020 22:36 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини ҳамоҳангкунандаи СММ ба навори Ғазза

Бархе манобеи фаластинӣ гузориш карданд, ки муовини ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури сулҳи Ғарби Осиё вориди Ғазза шуд.

Ба гузориши “Форс”, Ҷимми Мак Гелдрик, муовини ҳамоҳангкунандаи СММ дар умури сулҳи Ғарби Осиё имрӯз (чаҳоршанбе) аз тариқи гузаргоҳи шимоли навори Ғазза, вориди Ғазза шуд.

Ҷимми Мак Гелдрик қарор аст дар ҷараёни охирин таҳаввулот ва шароити зиндагии мардуми навори Ғазза қарор бигирад.

Ин манобеъ эълом карданд, ки ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки оё Мак Гелдрик бо раҳбари Ҷунбиши муқовимати исломӣ (ҲАМОС) барои гуфтугӯ дар хусуси оташбас дидор хоҳад кард ё на.