Афзоиши қимати моск дар Арабистони Саудӣ
Қимати моск (ниқоб) дар Арабистони Саудӣ 17 баробар афзоиш ёфт.
Ба гузориши «Форс», фаъолони фазои маҷозӣ дар Арабистони Саудӣ эълом карданд, ки фурӯшгоҳҳо ва дорухонаҳое, ки москҳои пизишкӣ мефурӯшанд, аз паҳншавии вируси корона барои гарон кардани васоили беҳдоштӣ сӯиистифода мекунанд.
Расонаҳои саудӣ низ хабар доданд, ки қимати москҳо дар бозор 1700 дарсад афзоиш дошта, ки нишон аз сӯиистифодаи фурӯшандагон ба далели афзоиши тақозо барои он аст.
Расонаҳои Арабистон нақл мекунанд, ки москҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар бозор ба фурӯш мерасад, муддате пеш аз Чин ворид шуда ва дар ҳоли ҳозир ва пас аз паҳншавии вирус корона воридоти моск аз Чин мутаваққиф шуда ва москҳое аст, ки дар анборҳо мавҷуд аст.
Фаъолони фазои маҷозӣ аз Вазорати беҳдошт ва Вазорати тиҷорати Арабистон дархост карданд то пеши сӯиистифодаҳо ба далели афзоиши тақозо барои хариди москҳои беҳдоштиро гирифта ва ба таъйини қиматҳо пардохта ва ҳар маконе, ки бо қимати мушаххасшуда мухолифат кардро масдуд кунанд.