Март 07, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • Саъю талоши Арабистон барои ҳузур дар санъати энергетикаи  Узбакистон

Вазорати энергетикаи Узбакистон бо як ширкати Арабистони Саудӣ барои сохти ду неругоҳи ҷадиди барқ ба арзиши 2 миллиард доллар қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.

Бино ба хабаргузории Форс ,вазорати  энергетикаи Узбакистон бо ширкати “acwa power “ –и Арабистони Саудӣ 3 қарордоди  дуҷониба ба арзиш куллии 2 миллиард доллар имзо кард.

 Қарордоди 25 сола дар мавриди хариди энергетикаи барқ ба арзиш куллӣ як миллиард ва 200 миллион доллар барои танзим, сохт ва баҳрабардорӣ  аз неругоҳи  барқӣ ба зарфияти 1500 мегаватт, қарордоди  иҷрои сохти  неругоҳи  бодӣ  ба зарфияти  500-1000 мегаватт барқ ба арзиши як миллиард ва 100 миллион доллар ва ёддошти тафоҳум дар мавриди тавсеаи  маркази омӯзишӣ барои афзоиш маҳорати фаннии донишҷуён аз ҷумлаи  ин қарордодҳо аст.

 Қарордоди  сеюми  байни Вазорати энергетикаи Узбакистон,  “air products & chemicals (Америка) ва ширкат “acwa power” –и Арабистони Саудӣ иҷрои барнома омӯзишӣ  барои афзоиш маҳорат фаннии донишҷуёнро ба ҳавзаҳои энергетикӣ ва химиёвии  Узбакистон дар барнома қарор дорад.

 Ширкат “acwa power”-и  Арабистони Саудӣ як тарроҳ, сармоягузор ва оператури дорои 56 корхона дар тавлиди  энергияи  барқ ва ширин кардан об мебошад.

 Илал ва авомили ҳузури  Арабистони Саудӣ дар ҷумҳуриҳои минтақаи муҳим  ва роҳбурди Осиёи марказӣ ва Қафқоз аз ҷиҳат ва завоёи мухталифе қобили  баҳс ва баррасӣ аст. Саудиҳо дар дараҷаи аввал аз як назаргоҳ бо ҳамбудани сиёсат ва идология ба ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ва Қафқоз нигоҳ мекунанд ва афзалияти онҳо аз ин ҷиҳат пайгирӣ ва иҷрои ду роҳбурд ва асосӣ аст.