Март 11, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
  • Амрико - масъули куштори мардуми Яман ва муҳосираи онҳо

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман Амрикоро масъули куштори мардуми Яман ва муҳосираи онҳо донист.

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман рӯзи чаҳоршанбе дар паёме навишт, Амрико мардуми Яманро бо силоҳҳои низомии худ ва муҳосира ба қатл мерасонад.

Алҳусӣ афзуд, кумакҳои Амрико ба мутаҷовизони саудӣ иқдоме мутаҷовизона ва ҷинояте бузург аст.

Муҷтаҳид, фаъоли твиттерӣ ва ифшогари маъруфи саудӣ дар паёме эълом кард, теъдоди 110 нерӯи амрикоӣ дар соҳили Балоф дар Яман ҳузур доранд, ки 10 болгарди “Апачи”, 30 мошини зиреҳӣ ва 4 сомонаи падофандии “Патриот” дар ихтиёр доранд.

Алҳусӣ ҳамчунин эътилофи мутаҷовизи Арабистон ва Амрикоро масъули олуда кардани обҳои минтақаии Яман донист ва тасреҳ кард, он чӣ дар савоҳили устонҳои ҷанубии Яман рух медиҳад, ба далели вуҷуди маводи химиявӣ ва биологӣ дар обҳост ва ин иттифоқот баъд аз расидани киштиҳои амрикоӣ ба обҳои минтақаии Яман рух дод.

Муҳаммад Аббос Алфақия, мудири кулли назорат дар моҳидории Яман эълом кард, марги анвои моҳиҳо дар савоҳили Адан нишондиҳандаи олудагии химиявӣ аст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.