Бар ӯҳда гирифтани ҳамла ба Ал Тоҷӣ аз сӯи гурӯҳи ношинос
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i51841-Бар_ӯҳда_гирифтани_ҳамла_ба_Ал_Тоҷӣ_аз_сӯи_гурӯҳи_ношинос
Гурӯҳи ношиноси “Усбатус –Соирин” масъулияти ҳамла ба Ал Тоҷии Бағдодро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 16, 2020 20:00 Asia/Dushanbe
  • Бар ӯҳда гирифтани ҳамла ба Ал Тоҷӣ аз сӯи гурӯҳи ношинос

Гурӯҳи ношиноси “Усбатус –Соирин” масъулияти ҳамла ба Ал Тоҷии Бағдодро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши Форс, расонаҳои ироқӣ шаби гузашта аз эъломи мавҷудияти гурӯҳи ҷадиде ба номи “Усбатус –Соирин”, хабар доданд.

Ин гурӯҳ дар нахустин баёнияи худ, масъулияти ҳамалоти ахир алайҳи пойгоҳҳои амрикоиро бар ӯҳда гирифтанд. Пойгоҳи хабарии шабакаи «Алмаёдин» низ бо интишори ин хабар навишт, ин гурӯҳи ношинос ва ҷадиди ироқӣ, тайи баёнияе худро аз нирӯҳои муқовимат ва зидди ишғолгарии Амрико, муаррифӣ мекунад ва масъулияти ҳамалоти ахири пойгоҳҳои амрикоӣ, аз ҷумла шиллики ракет ба сӯи пойгоҳи «Ал Тоҷӣ»-и Бағдодро бар ӯҳда гирифт ва хостори ихроҷи ишғолгарони амрикоӣ аз Ироқ шуд.

Иттилооти чандоне аз ин гурӯҳи ношиноси ироқӣ дар даст нест ва дар баёнияи нахусти ин гурӯҳ низ ҳеҷ ишорае ба ҳувияти саркардаҳои ин гурӯҳ нашудааст.

Пойгоҳи Ал Тоҷӣ чаҳоршанбеи гузашта ҳадафи исобати даҳҳо ракет қарор гирифт.

Шаҳристони Ал Тоҷӣ, ки пойгоҳи низомии Ал Тоҷӣ дар он қарор дорад, дар шимоли Бағдод, пойтахти Ироқ воқеъ шудааст. Пойгоҳи низомӣ дар фосилаи 85 километрии шимоли Бағдод аст, ки шомили як фурудгоҳ ва як пойгоҳи бузург аст, ки дар замони режими Садом, вобаста ба Горди раёсатҷумҳурӣ буд.