Октябр 01, 2016 21:14 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми киштии ҷангии Аморот дар савоҳили ҷанубу ғарби Яман

Ягони мушакии артиши Яман киштии ҷангии аморотиро, ки дар қолаби эътилофи арабӣ-саудӣ қасди наздик шудан ба савоҳили Таъизро дошт мунҳадим кард.

Ягони мушакии артиши Яман як киштии ҷангии эътилофи арабӣ-саудиро дар савоҳили Аламхо ҳадаф қарор дод ва мунҳадим кард.

Пойгоҳи хабарии Ансоруллоҳ, гузориш дод, ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, рӯзи шанбе (имрӯз) муваффақ шуд як киштии ҷангии вобаста ба эътилофи арабӣ-саудиро дар савоҳили шаҳри Аламхо дар устони Таъиз ҳадаф қарор диҳад.

Як манбаи низомӣ эълом кард, ки ин киштии мутааллиқ ба кишвари Аморот буда, ки дар эътилофи арабӣ-саудӣ барои таҷовуз ба Яман нақши умдае ифо мекунад.

Ҳамчунин, шабакаи хабарии Алмайсара, гузориш дод, ин шиновари ҷангӣ аз навъи киштиҳои буда, ки аз суръати болои бархӯрдор аст ва ба сурат ҳамзамон қодир ба анҷоми чандин амалиёт аз ҷумла шиносоӣ, ҷобаҷоии нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ва шиносоии маҳалли вуҷуди бомб аст ва пеш аз ин дар новгони дарёии артиши Амрико хидмат мекардааст.

Аз замони оғози таҷовузи Арабистон ва ҳампаймононаш дар қолаби эътилофи арабӣ ба хоки Яман, то кунун артиш ва кумитаҳои мардумии Яман муваффақ шуданд чанд киштии ҷангии вобаста ба мутаҷовизонро мунҳадим кунанд.