Март 17, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Ироқ аз Амрико ба Шӯрои амнияти Созмони Милал шикоят кард

Вазорати умури хориҷии Ироқ аз Амрико ба далели бомбаборони пойгоҳҳои артиш ва нерӯҳои низомии Ироқ ба Шӯрои амнияти Созмони Милал шикоят кард.

Ҷангандаҳои амрикоӣ бомдоди ҷумъа пойгоҳҳои Созмони басиҷи мардумии Ироқ ва артиши ин кишварро дар чаҳор вилоят – Салоҳуддин, Бобул, Басра ва Карбало бомбаборон карданд, ки дар ин ҳамла 3 нерӯи амниятии Ироқ кушта ва 7 нафари дигар захмӣ шуданд.

Вазорати умури хориҷии Ироқ имрӯз дар номае шикояти расмии худро аз ҳамалоти ахири амрикоиҳо, бавижа ҳадаф қарор додани фурудгоҳи байналмилалии Карбало ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ироа кард.

Дабирхонаи умумии Ҳарами муқаддаси Имом Ҳусейн (а) дар Ироқ низ дар номае ба намояндагии Созмони Милал дар ин кишвар ташкили ҳайатеро барои боздид ва мустанадсозӣ аз таҷовузи ҳавоии Амрико ба фурудгоҳи байналмилалии Карбало хостор шуд. Ҳарами муқаддаси Имом Ҳусейн (а) дар ин нома таъкид кард, фурудгоҳе, ки тавассути Амрико ҳадафи таҷовузи ошкор ва нақзи ҳокимияти Ироқ қарор гирифт, барои аҳдофи ғайринизомӣ ва хидмат ба шаҳри Карбало сохта шудааст ва бар хилофи иддаои Амрико ҳеҷ силоҳ ё таҷҳизоти низомӣ дар он вуҷуд надорад.

Ҳамлаи Амрико ба манотиқи мухталифи Ироқ дар шароитест, ки намояндагони парлумони Ироқ панҷуми январ тарҳи ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки ин кишварро тасвиб карданд.

 

Барчасп