Март 18, 2020 11:20 Asia/Dushanbe
  • Карантин шудани даҳҳо намояндаи Маҷлиси Туркия ба иллати коронавирус

Манобеи Туркия аз карантин шудани даҳҳо намояндаи Маҷлиси ин кишвар ба иллати машкук будан ба коронавирус хабар доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, расонаҳои туркӣ рӯзи сешанбе эълом карданд: 31 намояндаи Маҷлиси ин кишвар ба иллати машкук будан ба ибтило ба коронавирус дар карантин ҳастанд.

Фахриддин Коҷа, вазири беҳдошти Туркия рӯзи сешанбе аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Фахриддин Коҷа бо ишора ба ин, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар Туркия ба 47 нафар расидааст, бо ҳушдор дар бораи рискҳои сафар ба хориҷ, аз шаҳрвандони туркӣ хост, тадбирҳои Вазорати беҳдошти ин кишварро ба сурати ҷиддӣ риоят кунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Созмони умури динии Туркия низ эълом кард: Ба манзури муқобила бо хурӯҷи коронавирус, таълиқи муваққати баргузории намозҳои ҷамоат ва ҷумъа дар масоҷиди Туркия зарурӣ аст.

Коронавирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 160 кишвари дигар низ сироят кардааст.

 

Барчасп