Март 18, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кӯмакҳои беҳдоштии Туркия ба Эрон барои мубориза бо коронавирус

Вазорати беҳдошти Туркия хабар аз ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон барои муқобила бо коронавирус дод.

Ба нақл аз Спутник, Вазорати беҳдошти Туркия эълом кард, ки дар ростои ҳамкориҳо ва равобити дуҷониба, ҳаҷми қобили таваҷҷӯҳе аз таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз барои муқобила бо коронавирус ба Эрон ирсол кардааст.

Тавофуқнома миёни давлавтҳои ду кишвар барои эътои кӯмакҳои пизишкӣ ва доруӣ аз сӯи муовини вазири беҳдошти Туркия ва сафири Эрон дар Анқара имзо шуд.

Маҳмулаи кӯмакҳои беҳдоштии Туркия шомили 1000 бастаи ташхис, 4175 туфангчаи ташхис, 20 ҳазор рӯпуш, 2004 айнак, 4000 ниқоби пизишкӣ ва 78000 ниқоби сеқабата аст.

 

Барчасп