Мамнӯияти вуруди зоирон ба шаҳрҳо ва атаботи муқаддаси Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i51966-Мамнӯияти_вуруди_зоирон_ба_шаҳрҳо_ва_атаботи_муқаддаси_Ироқ
Вуруди зоирон ба шаҳрҳо ва атаботи Ироқ мамнӯъ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 21, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯияти вуруди зоирон ба шаҳрҳо ва атаботи муқаддаси Ироқ

Вуруди зоирон ба шаҳрҳо ва атаботи Ироқ мамнӯъ аст.

Давлати Ироқ аз мамнӯияти вуруди зоирон ба шаҳрҳо ва атаботи муқаддаси Ироқ дар тӯли муддати иҷрои ммуқаррароти манъи рафту омад ва низ мамнӯияти баргузории таҷаммӯот ва роҳпаймоиҳо хабар дод.

Ба нақл аз ИСНА, вуруди зоирон ба шаҳрҳо ва атаботи муқаддаси Ироқ ва низ барпоии ҳар гуна таҷаммӯъ ё роҳпаймоиро мамнӯъ эълом кард. Ин мамнӯият мухтасси бозаи замонии иҷрои муқаррароти манъи рафту омад аст, ки дар паи хурӯҷи коронавирус оғоз шуд ва то васатҳои ҳафтаи оянда идома дорад.

Давлати Ироқ ҳамчунин таҳдид кард, ки афроде, ки аз муқаррароти манъи рафту омад дар Бағдод сарпечӣ кунанд, муваззаф ба пардохти ҷаримаҳои нақдӣ ҳастанд.