Март 24, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Яман аз пешниҳоди Гутерриш барои оташбас ва муқобила бо коронавирус

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз пешниҳоди дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид барои оташбас дар ҷаҳон ва тамаркуз рӯй муқобила бо коронавирус истиқбол кард.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНО, Муҳаммад Али Алҳуси- раиси  Кумитаи олии инқилоби Яман дар ҳисоби Твиттери худ зимни истиқбол аз дархости Антонио Гутерриш (antónio guterres) - дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид навишт: Кишвараш аз таваққуфи ҳамалоти эътилофи саудӣ, лағви муҳосира ва рафъи таҳрими ҳавоӣ ва дарёии Яман ва фароҳам шудани замина барои гирифтани тадбирҳои пешгирона дар баробари коронавирус ҳимоят мекунад.  

Антонио Гутерриш, дабирикулли Созмони Миллал шомгоҳи душанбе хостори таваққуфи фаврии ҳамаи даргириҳо дар саросари ҷаҳон барои муқобила бо коронавирус ба вижа дар манотиқи ҷангзада шуд ва гуфт: Вақти он аст, ки даргириҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон карантин ва рӯйи мубориза барои наҷоти ҷони инсонҳо тамаркуз шавад.

Гутерриш таъкид кард: Мардуми гирифтор дар даргириҳоии мусаллаҳонаи ҷаҳон, ҷузви осебпазиртарин қишрҳо ҳастанд ва хатари маргу мири бархоста аз коронавирус дар ин манотиқ бештар аст. 

Коронавирус, ки номи расмии он Ковид- 19 аст, авохири соли гузашта (2019) дар шаҳр Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.

Ин вирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 190 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Барчасп