Октябр 02, 2016 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи фаъолияти ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Олег Сиромолотов, муовини вазири хориҷаи Русия дар бораи фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳушдор дод.

Сиромолотов гуфт, тибқи иттилооти мавҷуд шумори қобили таваҷҷуҳе аз террористҳои ДИИШ аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқози Шимолӣ (дар Русия) ва Қафқози Ҷанкбӣ ҳастанд ва ба ҳамин далел ДИИШ мехоҳад, ба ин манотиқ пешравӣ кунад. Вай афзуд, ДИИШ барои расидан ба ин ҳадаф бадунболи ҷазби аъзои гурӯҳи Толибон аст .

Ҳушдори ин мақоми аршади Вазорати хориҷаи Русия дар бораи таҳдиди ҷиддии ДИИШ алайҳи кишварҳои Ҳамсуд бо таваҷҷуҳ ба баёнияҳо ва иқдомоти ин гурӯҳи террористӣ унвон шудааст.

Русия муддатҳост, даргири мубориза бо ифротгароён ва такфириҳо дар ин кишвар бавижа дар Қафқози Шимолӣ аст. Такфириҳо иқдомоти террористии мутааддиде дар Русия анҷом додаанд .

Ба изъони мақомоти амниятии Русия, ҳудуди се то панҷ ҳазор нафар аз атбои Русия узви гурӯҳҳои террористии такфирӣ монанди ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра ҳастанд ва бозгашти онҳо ба кобусе барои мақомоти амниятии Русия табдил шудааст. Ифротгароёни узви гурӯҳҳои террористии такфирӣ илова бар ангезаҳои идеологӣ, аз омӯзиш ва маҳоратҳои размӣ ва низомӣ бархурдоранд ва бозгашти онҳо ба Русия ё соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз метавонад мухотироти амниятии ҷиддӣ эҷод кунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ дучори ин муъзал шудаанд. Оморҳо ҳокӣ аз пайвастани шумори зиёде аз атбои ин кишварҳо ба ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра аст. Бар асоси иттилооти расонаҳои русӣ, дар ду соли ахир беш аз 600 шаҳрванди тоҷик ба ДИИШ пайвастаанд, ки тақрибан 300 нафари онон кушта шудаанд. Додситони кулли Тоҷикистон 400 парванда дар иртибот бо афроде ташкил додааст, ки дар даргириҳои Ховари Миёна ширкат доранд. Расонаҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ пештар иттилооте дар бораи ҳузури беш аз 300 шаҳрванди қазоқ ва садҳо қирғиз дар гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир карда буданд .

Ин мавзуъ боис шудааст, Русия дар қолаби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ҳамкории густардае бо аъзои ин ниҳоди амниятӣ барои муқобила бо таҳдидоти террористӣ анҷом диҳад. Афзоиши ҳамкориҳои Русия бо Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти амниятӣ дар муҳити Авруосиё ва афзоиши қобили таваҷҷуҳи таҳдидоти террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бавижа ДИИШ, қобили таҳлил аст .

Ифротгароӣ таҳдиде рӯ ба густариш аст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баунвони як кишвари авруосиёӣ ва узви аслии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, дар бораи мухотироти густариши амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор дода ва кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъиро ба муқобила бо он фаро хондааст .

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия низ эълом кардааст, ки муқобила бо ифротгароӣ, авлавияти ҳамкории Маскав бо Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аст.