Ҳамлаи мушакии нерӯҳои Ҳафтар ба фурудгоҳи Трипполи
Гурӯҳе бо номи Артиши Миллии Либия бо фармондеҳии "Халифа Ҳафтар" шаби чаҳоршанбе фурудгоҳи байналмиллалии "Могтиқ" дар шарқи Триполи, пойтахти Либияро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.
Бино ба гузориши ИРНА, расонаҳои Либия хабар медиҳанд, ки чандин мушак ба фурудгоҳи Могтиқ ва атрофи он асобит кардааст. Дар бораи талафот ҳанӯз гузориш нашудааст. Гурӯҳе бо номи Артиши Миллии Либия моҳҳои охир фурудгоҳро якчанд маротиба ҳадаф гирифтааст. Ин гурӯҳ бо номи Артиши Миллии Либия бо роҳбарии Халифа Ҳафтар, ки солҳо бо ҳимояти Арабистони Саудӣ, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб ва баъзе миллатҳои ғарбӣ бар шарқи Либия сайтара дошт, тайи чанд моҳи охир ба шимол пеш рафтааст. Ҳафтар 4 апрели соли 2019, ба низомиёни таҳти фармондеҳии худ фармон дод, ки ба пойтахти Либия Триполи ҳамла кунанд.
Ин иқдоми "Ҳафтар" аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда шуд.
Аз замони оғози ин ҳамла то кунун беш аз 1500 нафар дар Трипполи кушта, дастикам 6000 нафар захмӣ ва беш аз 150 ҳазор нафар низ овора шудаанд.
Либия аз замони инқилоби 2011 мардуми ин кишвар, ки ба сарнагунии ҳукумати "Муаммар Қазофӣ" диктотури маъдуми Либӣ мунҷар шуд, бо мудохилаи Амрико ва бархе кишварҳои Аврупои ва минтақаи даргири хушунат ва бесуботии сиёсӣ шудааст.
Аз панҷ сол пеш Либия бар асари ихтилофот миёни аҳзоб ва гурӯҳҳо, дорои ду порлумон ва ду артиш аст.