Пешниҳоди мақоми яманӣ барои доварии кишварҳо байни Санъо ва эътилофи Саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i52289-Пешниҳоди_мақоми_яманӣ_барои_доварии_кишварҳо_байни_Санъо_ва_эътилофи_Саудӣ
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман, эътилофи мутаҷовиз ба саркардагии Арабистонро ба пазириши доварии 12 кишвар ва Созмони Милали Муттаҳид барои дастёбӣ ба як роҳи ҳали сиёсӣ барои поёни ҷанги Яман даъват кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 02, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди мақоми яманӣ барои доварии кишварҳо байни Санъо ва эътилофи Саудӣ

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман, эътилофи мутаҷовиз ба саркардагии Арабистонро ба пазириши доварии 12 кишвар ва Созмони Милали Муттаҳид барои дастёбӣ ба як роҳи ҳали сиёсӣ барои поёни ҷанги Яман даъват кард.

Муҳаммадалӣ Ал Ҳусӣ дар ҳисоби “Твиттер”-и худ, таркиби муташаккил аз чаҳор кишвари арабӣ, чаҳор кишвари исломӣ ва се кишвари осиёӣ ва Русияро пешниҳод кард то ба ҳамроҳи СММ дар бораи таҷовузи эътилофи Саудӣ ба кишвараш ва поёни ҷанг доварӣ кунанд.

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман аз Алҷазоир, Тунис, Миср, Ироқ, Покистон, Малайзия, Индонезия, Серра Леоне, Русия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба унвони 12 кишвари пешниҳодии худ дар ин замина, ном бурдааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.