Боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия
Полиси устони Измири Туркия аз боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари Ҷумбиши хизмат дар ин кишвар хабар дод.
Ба иттилои Ирно, полиси устони Измири Туркия эълом кард: Қутбиддин Гулен дар минтақаи Ғози Амири ин устон аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт ва равонаи зиндон шудааст .
Полиси устони Измир иттилооти бештаре дар хусуси иттиҳомоти дақиқ ва муддати боздошти Қутбиддин Гулен эълом накардааст .
Бар асоси ин гузориш, Вазорати додгустарии Туркия ҳам бо таъкид бар инки дастури кудатои нофарҷоми 15-и июл дар ин кишвар батаври мустақим тавассути Фатҳуллоҳ Гулен содир шуда, хоҳони дастгирии вай дар Амрико шудааст .
Давлати Анкара Фатҳуллоҳ Гуленро, ки дар як табъиди худхоста дар Амрико зиндагӣ мекунад, омили аслии талош барои анҷоми кудатои нофарҷом дар Туркия муаррифӣ кардааст .
Мақомоти Туркия дар паи ин кудато поксозии густардаи тарафдорони Гуленро дар бахшҳои давлатӣ, артиш, дастгоҳи қазоӣ, омӯзиш ва иқтисод оғоз кардаанд .