Апрел 05, 2020 08:37 Asia/Dushanbe
  • 200 кӯдаки фаластинӣ дар банди режими саҳюнистӣ

Раиси Кумитаи умури асирон ва озодагони Фаластин ба муносибати Рӯзи кӯдаки фаластинӣ эълом кард: Режими саҳюнистӣ аз соли 2000 то кунун камаш ҳабдаҳ ҳазор фаластинии кам синну солро боздошт кардааст ва 200 нафар аз онҳо ҳанӯз дар зиндон ҳастанд.

Ба нақл аз вебгоҳи Ал-Ватан, Қадрӣ Абубакр дар Конфронси матбуотӣ ба муносибати 5 апрел Рӯзи кӯдаки фаластинӣ гуфт: Режими саҳюнистӣ ҳамчунон 200 кӯдак ва навҷавони кам синну соли фаластиниро дар зиндонҳояш нигоҳ доштааст ва онҳоро ба шиддат шиканҷа медиҳад.   Абубакр бо баёни ин ки режими ишғолгари Исроил аз соли 2000 то кунун, камаш ҳабдаҳ ҳазор фаластинии 12 то 18 солро боздошт кардааст афзуд: Се аз даҳ чаҳори онҳо ба навъе шиканҷаи ҷисмӣ шудаанд ва бар асоси оморҳо ва гувоҳии кӯдакон, ҳамаи боздоштиҳо ҳам дар мароҳили мухталиф таҳти шиканҷаи равонӣ қарор гирифтаанд. Вай тасреҳ кард: Режими саҳюнистӣ ҳамчунин боздошти кӯдаконеро, ки соли онҳо аз даҳ сол бештар нест, дар корномаи худ дорад.  Раиси Кумитаи умури асирон ва озодагони Фаластин таъкид кард: Тахаллуфҳои анҷомшуда алайҳи кӯдакони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ лаккаи нанге бар пешонии Созмони Миллал ва созмонҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ аст.   Фаластиниён рӯзи 5 апрелро ба номи дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон ва ҳамчунин ёдоварии поймолсозии ошкори ҳуқуқи кӯдакони фаластинӣ ба дасти режими саҳюнистӣ сабт кардаанд.

Барчасп