Апрел 06, 2020 18:10 Asia/Dushanbe
  •  Ҳамос ҳамчунон мунтазири посухи Арабистон дар хусуси озодии намояндааш

Ҷунбиши Ҳамос ҳамчунон мунтазири посухи Арабистон барои озодии намояндаи собиқаш дар ин кишвар ва теъдоди дигаре аз фаластиниҳо аст.

Ба гузориши ИСНА, Ҳамос паёмеро аз тариқи миёнҷигарон барои Арабистон фиристода буд ва хоҳони озодии Муҳаммад ал Хазирӣ, намояндаи собиқи ин ҷунбиш дар Арабистон ва теъдоде аз фаластиниҳои шуда буд, ки ба иттиҳоми "ҳимоият аз терроризм" боздошт шуда ва акнун вориди дувумин соли боздошташон шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Арабистон ҳанӯз посухе ба ин паёми Ҳамос надодааст. Ҳамос таъкид карда, ки боздоштшудагон золимона муҳокима шудаанд.

Босим Наим, узви дафтари равобити байналмилалии Ҳамос пешбинӣ карда буд, парвандаи боздоштшудагон қабл аз моҳи Рамазон баста шавад. Бо ворид шудани боздоштшудагон ба соли дувум боздошташон, Ҳамос муҷаддадан хоҳони озодии онҳо бавижа дар сояи хатароти шуюи корона шудааст.

Ҳамос таъкид карда, ин афрод ҳеҷ ҷурме муртакиб нашудаанд, ҷуз ин ки масъалаи Фаластинро фаромӯш накардаанд ва бо абзорҳои қонунӣ ва машрӯъ аз он ҳимоят кардаанд. Фаъолияти онҳо бо сиёсати Арабистон, ки ҳамвора масъалаи Фаластинро масъалаи марказии худ медонад, ҳамоҳанг будааст.

Дар баёнияи Ҳамос омадааст, ҷои таассуф дорад, ки Арабистон аз ҷойгоҳи як ҳомӣ ба ҷойгоҳи муҳосиракунанда табдил шудааст.