Апрел 11, 2020 21:49 Asia/Dushanbe
  • Расвоии кишварҳои саркаш ва низомҳои ғарбӣ бо шуюи бемории корона

Ҳизбуллоҳи Лубнон: Корона кишварҳои саркаш ва низомҳои ғарбиро расво кард.

Раиси Шурои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Вируси корона кишварҳои саркаш ва низомҳои ғарбиро расво кард.

Ба нақл аз ИСНО, Ҳошим Сафиюддин, раиси Шурои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Корона зилзилае аст, ки бештари кишварҳои ҷаҳонро ларзонд. Ин вирус тозатарин шок барои тамомии кишварҳост ва ба мавзӯи нахуст дар тасмимгириҳояшон табдил шуда ва мушаххас кардани раванд ва масири он душвор аст. Ин вирус кишварҳои саркаш ва низомҳои ғарбӣ ба вижа Амрикоро расво кард. Касе, ки бар ин вирус пирӯз шавад дорои ирода ва ахлоқ ва арзишҳои инсонӣ аст ва ин чизе аст, ки Вашингтон ва кишварҳои ғарбӣ онро надоранд.

Сафиюддин дар гуфтугӯ бо Азоа Ал-Нур гуфт: Тарҳи Ҳизбуллоҳ барои муқобила бо корона барои хидмат ба мардум аст ва Ҳизбуллоҳ онро аз муҳимтарин воҷибот медонад. Ин тарҳ паёмадҳои мусбате барои мардум дошта ва руҳияи онҳоро боло бурдааст. Ин аввалин боре аст, ки Ҳизбуллоҳ тарҳи худро эълом мекунад ва шояд эъломи ин тарҳ ба руҳияи гурӯҳҳои сиёсӣ кӯмак карда ва рақобати мусбатро барои хидмат ба мардум тақвият кунад.

Сафиюддин таъкид кард: Ҳадафи аслии ин тарҳ ин аст, ки ба тамоми лубнониҳо бигӯяд мо метавонем дар канори ҳамдигар ба дур аз кина ва аҳдофи сиёсӣ коронаро шикаст бидиҳем. Агар тамоми манотиқро карантин накунем ин вирус таҳдиде барои тамоми лубнониҳо хоҳад буд.

Вай дар бораи мудохилаи Амрико дар таъйини симатҳои бонкӣ гуфт: Амрико ҳамвора талош карда то дар таъйини симатҳои муҳим дар сатҳи Бонки марказӣ ё муассисоти молӣ ҳузур дошта бошад. Мо иҷоза намедиҳем Фонди байналмиллалии пул ё ҳар кишваре аз ҷумла Амрико дар бораи сарнавишти Лубнон тасмим бигиранд.