Мувофиқати подшоҳи Арабистон бо тамдиди манъи омадушуд то иттилои баъдӣ
Подшоҳи Арабистон бо тамдиди манъи омадушуд то иттилои дубора мувофиқат кард.
Подшоҳи Арабистон шаби гузашта тасмим гирифт ба далели миёнгинҳои кунунии шуюи корона манъи омадушудро то иттилои дубора тамдид кунад.
Ба нақл аз ИСНО, Арабистони Саудӣ субҳи имрӯз (якшанбе) эълом кард: Малик Салмон, подшоҳи Арабистон бар асоси миёнгинҳо ва шохисҳои кунунии шуюи корона то иттилои дубора бо тамдиди манъи омадушуд мувофиқат кард.
Арабистон аз ибтидои 23 марти гузашта ба муддати 21 рӯз аз соати ҳафти аср то шаши субҳ омадушудро манъ кардааст.
Вазорати умури дохилаи Арабистон дар ин росто аз ҳама хост дар ростои ҳифзи саломати худ ба ин дастур пойбанд бошанд дар айни ҳол таъкид кард: Тадбирҳои пешгиронаи вижа, ки қаблан дар чанд шаҳр, устон ва маҳаллаҳои маскунӣ эълом шуда буд идома меёбад ва омадушуд байни манотиқи 13-гонаи Арабистон мамнуъ аст.
Вазорати беҳдошти Арабистон низ пештар бо сабти 382 мавриди ҷадид дар шаҳрҳои мухталиф теъдоди мубталоён ба КОВИД– 19-ро 4033 тан эълом кард.